ТАВАҶҶУҲ! Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ва шабакаҳои иҷтимоии интернетиро ба роҳ монд
ДУШАНБЕ 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои бюрократӣ, ҳамчунин сари вақт ва объективона баррасӣ намудани муроҷиатҳо ва хабарҳо қабули «муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳ мондааст.
Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрвандон вобаста ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳояшон ва дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ (info@ubop.tj) ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намоянд.
Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66
Ба иттилои манбаъ, кафолати ҳимояи шахсӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала таъмин карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






