Тоҷикистон ҳамкориро бо Синзяни Чин тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 марти соли равон Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳри Урумчии Ноҳияи худмухтори Синзян Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафар мулоқоти Сафир бо Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи худмухтори Синзян Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир доир гардид, ки зимни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла, бо Синзяни Чин баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо ҳавасмандии худро баён доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти кори Зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур изҳор намуданд, ки он метавонад ба рушди равобити мо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ мусоидат намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






