ТУҲФАИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА КӮДАКИ ҶАҲОНШИНОС

Март 13, 2018 15:17

ДУШАНБЕ, 13.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» Нӯъмонҷони Хотирмурод – кӯдаки сесолаеро аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ , ки истеъдоди фавқулодааш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагонро ба ҳайрат овард, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ (планшет) сарфароз намуд. Дар ин бора  муовиниаввали  сармуҳаррири рӯзнома Моҳира Сангмамадова дар саҳифаи худ дар «Фейсбук» иттилоъ додаст. Ӯ навиштааст:

«…Вусъати ҷаҳоншиносии ин кӯдаки хушзеҳн ҳосили талошҳои падараш – Хотирмурод Мирзоёров аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ нишон медиҳад. Мо ин ҳақиқатро дар суҳбати рӯ ба рӯ бо волидони Нӯъмонҷон ҳангоми тақдими туҳфаҳо дарёфтем.Хотирмурод Мирзоёров дар шаҳри Екатеринбурги Русия кор мекунад. Ӯ ҳар омаданаш ба Ватан ҷиддан машғули омӯзонидани фарзандони хурдсолаш мешавад. Истеъдоди фарзанди калонаш – Ориёни панҷсола низ қобили таҳсин аст, ки дар суолу ҷавоб бо бародараш рақобат мекунад. Вале тавре мо мушоҳида кардем, Нӯъмонҷон аллакай имкон намедиҳад, ки Ориён аз ӯ пеш гузарад.

Нӯъмонҷон натанҳо кишварҳои ҷаҳонро бо пойтахташон медонад, балки дар кадом қитъаи олам ҷойгир будани ин ё он давлатро аз рӯйи харита бе мушкилӣ нишон медиҳад».

 

 

Март 13, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд