Ҳуҷҷати ҷамъбастии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»

Март 15, 2018 07:55

ДУШАНБЕ, 15.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. 14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.

Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об соли 2016 бо ташаббуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукуматҳо, аз ҷумла, Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин мушовири махсус-доктор Ҳан Сеунг-соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардиданд.

Бо назардошти нақши фаъол ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди мушкилоти вобаста ба соҳаи об ба Рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ӯ даъват карда шуд, ки аъзои ин Панел гардад ва саҳми арзишманди худро дар масъалаҳои таъмини роҳбарии сиёсӣ барои пешбурди роҳи рушд ва идораи захираҳои обии ҷаҳонии ба ҳамкории муштарак асосёфта гузорад.

Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО тавсияҳои асосӣ ва ташаббусҳои наверо, ки аъзои ПСБМО таҳия кардаанд, дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, ин тавсияҳо ба муносибати ҳамаҷониба ва маҷмӯӣ нисбат ба таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама (ҲРУ 6), инчунин барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дигари рушди устуворе, ки бо захираҳои об алоқаманданд, мусоидат мекунанд.

Тавсияҳо, дар мадди аввал, ба роҳбарони сиёсӣ ва шахсоне, ки афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд, инчунин намояндагони бахшҳои давлатию хусусӣ, ки метавонанд сиёсатро дар самти масъалаҳои об муайян намуда, ба он таъсир расонанд, равона гардидаанд.

Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО аз се қисм иборат аст: 1) Асос барои амал; 2) рӯзномаи ҳамгироӣ барои амалҳо дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ; 3) суръат бахшидани тағйирот, ба роҳ мондани шарикӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ.

Тавсияҳои Панели сатҳи баланд муҳимияти масъалаҳои арзиши об ва фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибати маҷмӯӣ ҷиҳати идораи захираҳои об, баланд бардоштани ҳаҷм ва самаранокии сармоягузорӣ ба инфрасохтори об, пешбурди инноватсияро махсус қайд намуда, густариши ҳамкории байналмилалӣ бо истифода аз ташаббусҳои Панел, аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро ба сифати майдони муколама оид ба масъалаҳои таҳияи сиёсат, табодули таҷрибаи пешқадам ва таъсиси шарикии ҷаҳонӣ истифода менамояд.

Ташаббуси Тоҷикистон дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 яке аз ташаббусҳои муҳим мебошад, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид ва барои татбиқи тавсияҳо ва ташаббусҳои дигари Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об заминаи саривақтӣ мегардад.

Тавсияҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои соҳаи об инчунин ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро даъват мекунанд, ки дар таҳияи тадбирҳо оид ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва тақвияти корҳо дар ин самт, ки аллакай дар як зумра кишварҳо оғоз ёфтаанд, муттаҳид шаванд. Ҳукуматҳо дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, аз ҷумла, ҷанбаҳои ҳамкории фаросарҳадӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ нақши муҳим доранд.

Ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин ҳуқуқи инсонро барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт махсус таъкид карда, зикр менамояд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 барои сафарбар намудани захираҳои молиявӣ ва дигарҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои вобаста ба об, таъсиси майдони ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо бо мақсади мусоидат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ оид ба захираҳои об мувофиқашуда имкон медиҳад.

Аъзои Панел ва кишварҳои иштирокдор уҳдадории худро оид ба фаъолият дар соҳаи об эълон мекунанд ва роҳбарон, инчунин сиёсатмадорон, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро барои роҳҳои ҷустуҷӯ ва ҳалли муштарак даъват мекунанд.

Март 15, 2018 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад