Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар Португалия соҳиби медали нуқра гардид

Март 19, 2018 13:26

ДУШАНБЕ, 19.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 марти соли равон дар шаҳри Коимбраи Португалия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгари шинохта Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

«Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг бар варзишгарони италиявӣ Комӣ Бедел, португалиявӣ Ҷоа Алмеида, нидерландӣ Яннер Ван Дер Колк ва франсавӣ Ҳуго Метифиот ғолиб омада, ба даври нимфинал роҳ ёфт, — омадааст дар хабарномаи Кумитаи олимпӣ. – Дар нимфинал ӯ варзишгари дигари италиявӣ Алессандро Магнаниро шикаст дода, дар финал аз варзишгари исроилӣ Еҳонатан Елбаз мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқраи мусобиқа гардид».

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 485 варзишгар аз 26 кишвари дунё иштирок доштанд. Аз рӯи натиҷаҳои даставӣ, Россия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷои аввал, Испания бо 4 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои дуввум ва Нидерландия бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои севвумро ишғол намуданд.

 

Март 19, 2018 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад