Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масоили муҳимро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пулат Бобожоновро, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пулат Бобожоновро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ҳамчун ҳамсояи наздик бо мо урфу одат ва расму оини муштарак дорад ва аз қадимулайём мардумони мо бо ҳам дӯсту бародар буданд. Дӯстии бузургони адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ намунаи барҷастаи ин муносибатҳо мебошад. «Мо бояд аз гузашта беҳтару бештар ҳамкории худро густариш дода, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем»,-зикр намуд Рамазон Раҳимзода.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолона рушду густариш ёфта, ҳарду давлат дар фаъолияти ИДМ ва СҲШ нақши калидӣ дошта, дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузоранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба меҳмони баландпоя ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкории судманди дуҷониба як қатор таклифҳо пешниҳод намуд. Аз ҷумла, мубодилаи иттилооти фаврӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияҳои вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду давлат, омӯзиши таҷрибаи якдигар, ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар самтҳои корӣ.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пулат Бобожонов аз пазироии самимонаи ҷониби Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки муносибати дӯстонаю бародаронаи роҳбарони ҳарду давлат моро ба он водор месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем.
Ҳамчунин изҳор дошт, ки «таклифҳои пешниҳоднамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дастгирӣ буда, мо бояд бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ мубориза барем».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






