Вазорати корҳои дохилӣ барои пешниҳоди маълумот оид ба ҷиноят озмун эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳод намудани маълумот оид ба ҷиноят миёни шаҳрвандон (хабарнигорони фаврӣ) озмун эълон менамояд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни мазкур тамоми хоҳишмандон метавонанд фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо ва дигар воқеаҳо хабару маълумот пешниҳод намоянд.
Ғолибони фаъоли озмун бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Ватсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992-939-222-111 ва почтаҳои электронии somona@vkd.tj, vkd.tj@mail.ru истифода намуда, ахбори худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд. Ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани шахсият кафолат дода мешавад.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






