ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Ошкор гардидани роҳзанӣ ва куштор
6 марти соли равон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд.
Номбурда 9 январи соли 2001, дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ марди 52-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми пойтахтро, ки ба фаъолияти иваз намудани маблағҳои асъори хориҷӣ машғул будааст, бо воситаи корд ба қатл расонида, 3000 доллари амрикоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Боздошти гумонбар дар 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 500 000 сомонӣ
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 500 000 сомонӣ зарар расонидааст, шаҳрванд Ҷангиев Сайғуфрон Асланбекович, соли таваллудаш 1981, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзодаро, ки қаблан панҷ маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ маҳбасӣ гардидааст, дастгир намуданд.
Номбурда ҷиноятҳои дуздиро шабона ва бо дастпӯшу мурваттоб бо маҳорати махсус содир мекард. Аз ҷумла, аввалҳои моҳи январи соли 2017 дастгиршуда шишаи тирезаи мошини шаҳрванд Илҳом Мирсаидовро, ки дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар назди манзили истиқоматияш беназорат меистод, шикаста, 4680 доллари ИМА ва дигар ашёи пурарзишро тасарруф намудааст. Гумонбаршаванда бо содир намудани ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида бо асъори миллӣ наздики 40 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Боздошти ноқилдузд дар ноҳияи Мастчоҳ
Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ аризаи роҳбарияти «Шабакаи барқии Суғд» ворид шудааст, ки 28 феврали соли 2018, тахминан соати 22:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз симчӯбҳои барқии «ХИБ-500Кв», воқеъ дар мавзеи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур ба масоҳати 1320 метри квадратӣ ноқилҳои тамғаи АС-400мм-ро, ки арзишашон 38 ҳазору 456 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






