«ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ ВА ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ». Кормандони вазорату идораҳо барои иштирок дар машқҳои пагоҳирӯзӣ уҳдадор шуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи феврали соли равон сар карда, кормандони ҳамаи вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ба машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ин нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» тасдиқ гардида, кормандони вазорату идораҳо сарфи назар аз рӯзи корӣ ё истироҳат дар санаи муайянгардида бояд дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок кунанд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Мавриди зикр аст, ки шанбеи оянда, 17 марти соли равон кормандони муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дар «Боғи ҷавонон», Кумитаи телевизион ва радио дар Боғи «Парчами давлатӣ», Кумитаи идоракунии замин ва геодезӣ дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт ва ҳамчунин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






