14-15 апрел дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд

Апрель 13, 2018 10:53

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 16 то 18 ва дар мавсими тобистон аз соати 18 то 20 дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Махкамбой Гулов хабар дод, иқдоми мазкур  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст.

14 апрели соли равон  ҳунармандони шаҳри Ваҳдат дар Боғи «Дӯстии халқҳо», бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар Боғи «Парчами давлатӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар боғи «Рӯдакӣ»,  Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев дар боғи «Ирам» ва   Коллеҷи кӯҳӣ ба номи Сороҷон Юсуповаи шаҳри Душанбе дар  Майдони 800-солагии Москва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор намуда, табъи сокинонро болида мегардонанд.

Ҳамчунин 15 апрел чорабиниҳои бахши  фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар боғи «Ирам», Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар Боғи «Рӯдакӣ»,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб дар Майдони 800-солагии Москва ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Боғи «Дӯстии халқҳо» баргузор хоҳанд шуд.

 

Апрель 13, 2018 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад