28-29 апрел барномаҳои рангини фарҳангӣ сокинону меҳмонони пойтахтро интизоранд

Апрель 27, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 апрели соли равон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 28  апрел ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳфили ҳаҷвнигорони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Ориёно» ва Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе дар  Боғи «Ирам», бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  дар Боғи «Рӯдакӣ», Коллеҷи техники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар Майдони 800-солагии Москва ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мекунанд.

Ҳамчунин 29 апрел Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» дар Боғи «Ирам», Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе» дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Боғи устод «Рӯдакӣ», Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ эстетикии кӯдакону ҷавонон  дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валамадзода»  дар Майдони 800-солагии Москва ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Боғи «Парчами давлатӣ» муваззаф гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳо соати 18:00 баргузор карда мешаванд.

Апрель 27, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад