28 апрел кормандони вазорату идораҳои дахлдор ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд

Апрель 27, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 27.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли равон  дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва  миёнаи касбӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» доир мегарданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, 28 апрел кормандони Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дар «Боғи ҷавонон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати мамлакат дар Боғи «Парчами давлатӣ», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод «Рӯдакӣ», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат ва Кумитаи забон ва ислоҳоти ҷумҳурӣ дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншоотҳои варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқҳои оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

Апрель 27, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад