5-9 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 9 майи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд. Дар ин Бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо аҳли фарҳангу ҳунари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва филмҳои синамогарони хешро пешниҳоди тамошобинони тоҷик мегардонанд.
5 майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ҳайати расмии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир мегардад. Баъди анҷоми мулоқот соати 10:30 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар назар аст.
Ҳамчунин худи ҳамон рӯз соати 16:00 дар назди Театри давлатии академии драмавии ба номи С. Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ оғоз гардида, то анҷоми чорабиниҳо, яъне то 8 май идома меёбад.
Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 5 май соати 17:00 дар толори театри мазкур сурат мегирад.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ сафари меҳмонон ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар аст. Инчунин меҳмонон бо табиати Тоҷикистон шинос гардида, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисор дидан менамоянд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






