Агентии обуҳавошиносӣ: аз 16 то 18 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, боридани барфу борон ва жола дар назар аст

Апрель 14, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 16 то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани боронҳои пуршиддат дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯи шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати рӯзона паст мешавад.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентӣ хабар доданд, аз 15 то 17 апрел дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиддатёбии шамол то 15-20 метр дар як сония ва дар ҷануби вилояти Хатлон ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.

Имрӯз, 14 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 6-11 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

 

Апрель 14, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад