Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳавои номусоиди боронӣ ва ба амал омадани раъду барқ хабар медиҳад

Апрель 3, 2018 08:15

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 3 апрел дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ҷойҳо ҳанӯз ҳам чангу ғубор боқӣ монда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

 

Апрель 3, 2018 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад