Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳавои офтобии Тоҷикистон ва 33 дараҷа гармӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, ҳарорат дар баъзе минтақаҳо ба 33 дараҷа мерасад.
Имрӯз, 4 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона 11-13 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






