Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар Душанбе 26 дараҷа гармӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 12 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 3-8 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






