Агентии обуҳавошиносӣ: Шурӯъ аз пагоҳ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани борону жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 25 то 26 апрел яку якбора вазъи обу ҳаво номусоид гашта, боридани борон, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани жола ва пастшавии ҳарорати рӯзона то 8-10 дараҷа пешбинӣ мешавад. Инчунин, шурӯъ аз имрӯз то 26 апрел шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷануб то 17-22 метр дар як сония вазида дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 24 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






