Ҳайати БМТ дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуд

Апрель 20, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли равон ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ  дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ», ки бо иқдоми Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА  баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур дар баробари намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои ҷумҳуриҳои  Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони бонкҳои муросилотии ҷаҳонӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мақомоти танзимкунанда иштирок доштанд.

Дар ҷаласа саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  дар ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкии кишварҳои минтақа баррасӣ шуда, ба  кор ва саҳми онҳо дар мусоидат ба муколамаи байналмилалӣ ва дастгирии мақомоти расмии давлатҳо дар таҳкими сиёсати давлат дар самти коҳиш додани хавфҳои қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфӣ баҳодиҳӣ карда шуд.

Зимни ҷаласа муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба имконияти ХБА дар таҳкими муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ андешаҳои худро баён дошт.

Директори Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳад Азур зимни суханронии худ зикр кард, ки «кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома дода мешавад ва ҳар як муҳокимароние, ки барпо шуд, бояд дар амал татбиқ гардид. Муколамаи байни бонкҳои муросил ва бонкҳои респондент бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома ёфта, ҳар як иштирокдор бояд дар ин самт саҳм гузорад ва барои ноил шудан ба муносибатҳои муросилотии бонкӣ тамоми талаботҳои заруриро иҷро намояд».

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони як зумра бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Спитаменбонк», ҶСК «Эсхата», ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶДММ ТАҚХ «Арванд» иштирок намуданд.

 

Апрель 20, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд