Ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея аз Тоҷикистон боздид намуд

Апрель 5, 2018 11:31

ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии профессор Сон ЁХван  чанде қабл бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Мақсади сафар асосноккунии техникии омӯзишии макони лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи хоҷагии ҷангал,  инчунин баррасӣ намудани ҳамкории минбаъда бо Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, сафари мазкур дар доираи иҷрои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 10 октябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расида буд,  анҷом дода шуд.

Ҳамзамон дар он давра  ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея аз мақомоти соҳаи хоҷагии ҷангали кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳиш намуд, ки лоиҳаҳои татбиқшавандаи навро оид ба соҳаи ҷангал то 30 сентябри соли 2017 пешниҳод намоянд.

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра  доир ба масъалаи мазкур  гурӯҳи корӣ таъсис дода, 10 лоиҳаи оид ба самтҳои афзалиятноки соҳаи хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи тартиби муқарраргардида ба унвони Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея ирсол намуд.

Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея бо мактуби худ аз 19 январи соли 2018 иттилоъ дод, ки аз 10 лоиҳаи пешниҳодшудаи Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 лоиҳаро пазируфта, дар доираи ин лоиҳаҳо ба роҳ мондани ҳамкориро хоҳиш дорад.

Апрель 5, 2018 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд