Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин иштирок дорад

Апрель 20, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон ба кори худ шурӯъ кард, ки то 22 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок дорад.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмон ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ  ва Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки мутаносибан 23 -24 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин ва 9-10 июни соли равон дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд, мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмонро, ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ менамоянд.

 

Апрель 20, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд