ҲАМА МЕРАҚСАНД! 29 апрел-Рӯзи байналмилалии рақс
ДУШАНБЕ, 29.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба ҳамаи намудҳои рақс бахшида шуда, аз соли 1982 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз мутаҳидсозии ҳама гуна навъҳои санъати рақсӣ ва ба ҳам овардани ҳама мардуми сайёра зери як ливо, ба хотири пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон ва ба онҳо додани имкони сухан кардан бо як забон — бо забони рақс мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри рушди ин навъи ҳунари асил тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Имрӯз санъати рақсии тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагони ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо намояндагони ин ҳунари воло суҳбат анҷом дод.
Ба андешаи муаллимаи калони кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ҷамила Абдуллоева, рақс роҳеро шабоҳат дорад бо пайроҳаҳои пурпечутоб ва на ҳар кас метавонад онро тай намояд. Қуллаест касногузар, ки ҳар кас наметавонад онро фатҳ созад ва чун баҳрест пурхурӯшу пурталотум, ки ҳар кас наметавонад ба соҳили мурод бирасад. Ниҳоят рақс як фалсафаи зиндагист пур аз розу хирад ва андешаҳо. Дунёи рақс пуробуранг ва хеле зебост. Ва нафаре дар ин ҷода муваффақ мегарданд, ки имкони парвози баланд ва тахайюлоти ақливу зеҳнӣ дошта, масъулиятшиносу мушкилнописанд ва фидоии касби хеш бошнад.
Ҷамила Абдуллоева чунин мешуморад, ки эҷодкори рақс ҳамеша бояд дар ҷустуҷӯ бошад ва ҳаргиз аз мушкилӣ наҳаросида аз паси амалисозии нақшаҳои дар пеш гузоштаи худ гардад. «Замоне ки ҳунарманд аз паси эҷод аст ӯ аз шукуфтани гулу дамидани сабза, ларзиши барги дарахтон, резиши барфу борон, вазиши боду накҳати гул, рақси кабӯтарону хиромидани кабкони дарӣ ва амсоли инҳо маъно хоҳад ҷӯст, то он ҳамаро бо мазмуну ҳаракатҳои мавзуну назаррабо дар рақс ҷой дода тавонад. Ҳунарманд дар рақсҳояш зебоиҳои ҳаёт, меҳнату зиндагии осудаи одамон, муҳаббати поку беолоиш, бахту саодати мардумро бо ҳаракати мавзуну ҷозибаю таровати рақс ифода менамояд»,- зикр намуд ӯ.
Бояд гуфт, ки кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1975 таҳти роҳбарии ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Азиза Азимова таъсис ёфт. Аз он рӯз то инҷониб кафедраи мазкур шогирдони мумтоз ва устодони бузурги рақсро тарбия карда, ба саҳнаи ҳунар баровардааст. Аз ҷумла, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзулло Каримов, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдурасулов, Сафрон Ёдгорова, Амонулло Мусоев, Наргис Ҳасанова ва бисёре аз дигарон.
Ба гуфтаи мудири кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Музаффар Искандаров, имрӯзҳо шогирдони ин кафедра дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, вазифаи пурмасъулияти дар наздашон гузошташударо ба хубӣ иҷро менамоянд. «Шогирдони мо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ роҳбарии барномаҳои ҳунариро бар дӯш доранд ва бо сарбаландӣ аз уҳдаи кор мебароянд. Имрӯз дар кафедра устодони варзида ба шогирдон дарси ҳунар меомӯзанд, аз ҷумла Казакова Зимфира, Захарова Надежда, Ҷамила Абдуллоева, ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Файзалиева, Латофат Юсупова ва дигарон. Шумораи зиёди шогирдони мо дар ансамблҳои «Ҷаҳоноро», «Парасту», «Гулрез» ва Лола» ҳунари рақсии худро сайқал медиҳанд»,- гуфт М. Искандаров.
… Ибораи «Ҳама мерақсанд!» ба мо аз филми машҳури мазҳакавии замони шӯравӣ «Иван Васильевич касбашро иваз мекунад» маълум аст. Ҳамаи инсонҳо бо рақс як қаробат ва дилбастагие доранд.
Музаффар Искандаров изҳор дошт, ки миёни донишҷӯёни кафедра шумораи писарон низ зиёд аст, ки дар замири онҳо шавқи баланди рақсӣ эҳсос карда мешавад. «Бояд бигӯям, ки дар замири ҳар як ҷавон шавқу эҳсоси баланди санъати рақсӣ дида мешавад. Зеро худи мардуми тоҷик чӣ гунае, ки яке аз устодони бузурги рақси касбии дунё Касян Гализовский гуфтааст: «Тоҷикон гаҳвораи рақсанд дар Осиёи миёна», — ёдовар шуд ӯ ва афзуд. — Бинобар ин аз миёни мардуми мо ҳамеша ҳунармандони хуб пайдо мешаванд ва умуман барои мардуми мо рақс кардан душвор нест, зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадима, санъати бой буда, санъати рақсии халқи тоҷик конест, ки ҳамеша дар ҳоли рушду инкишоф аст ва ин кон ганҷест тамомнашуданӣ».
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «ХОВАР»















Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






