Ҳамкорӣ миёни намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Туркия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохурӣ миёни ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкории байнипорлумонӣ ва зарурати тавсеаи тамосҳо дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамзамон нақши Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро дар раванди ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия муҳим арзёбӣ карда, хостори густариши бештари ҳамкорӣ миёни намояндагони парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






