АРТИШ-МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ дар Ёвон зиёда аз 40 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд

Апрель 3, 2018 11:51

ЁВОН, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Артиши миллии мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар-Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.

Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Ин нуктаро  раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур дар маросими сафарбарнамоии наваскарон, ки дар Комиссариати ҳарбии ноҳия баргузор шуд, иброз намуд.  Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Дар ин рӯз  40 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёран дар шоҳидии ҷавонону наврасон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд. Роҳбарияти ноҳия  волидони ҷавонони ватандӯстро барои тарбияи дурусти фарзандон ва саҳми онҳо дар ҳифзи Ватану  давлати Тоҷикистон  бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карданд.

Ҳамчунин ҳунармандони ноҳия барои болидахотирии наваскарону падару модарон барномаи консертии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.

Апрель 3, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд