«Атласи Хуҷанд» шӯҳрати қаблиашро барқарор месозад

Апрель 11, 2018 11:08

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз корхонаҳои калонтарини  вилояти Суғд —  «Атласи Хуҷанд» иқтидори истеҳсолии хешро бо василаи фармоишоти дохилӣ зиёд менамояд.

Тавре  сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури ЮСУФЗОД  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора барқарор гардида, истеҳсоли атласу адрас ба роҳ монда шуд.

Бино ба иттилои роҳбари кулли ҶДММ «Атласи Хуҷанд» Азимҷон Ғафуров: «Айни замон дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» 32 дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик, ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсолотии хешро тақвият бахшад».

Зикр шуд, ки имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

«Дар корхона давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад, ин нишондод ба 120 ҳазор метри тӯлонӣ хоҳад расид»,-мегӯяд Азимҷон Ғафуров.

Матоъҳои атласу адраси ин корхона дорои сертификати сифатӣ буда, атлас аз абрешими тоза ва адрас бошад сад фоиз аз нахи пахта истеҳсол шуда, ба саломатии инсон безарар мебошад.

Манбаъ ҳамчунин зикр кард, ки дар назди «Атласи Хуҷанд» коргоҳи дӯзандагӣ низ  амал менамояд, ки матоъҳои истеҳсолнамудаи ин корхонаро бо тарзу усулҳои муосир тайёр менамояд.

Апрель 11, 2018 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад