Ҳавасмандии Тоҷикистону Саудӣ ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Апрель 2, 2018 08:51

 ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрели соли равон дар шаҳри Риёз бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷонибҳо таъкид доштанд, ки имконоти фарохи мавҷуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки Фонди муштараки сармоягузории мустақим ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар таъсис дода шавад.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур ҳамчунин ҳамраиси комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода бо мудири иҷроияи Сандуқи Саудии рушд Юсуф Албассом ва муовини раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Айид Ал-Усайбӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

2 апрел кори ҷаласаи дуюми комиссияи муштарак идома ёфта, аз рӯйи натиҷаҳояш санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Риёз Форуми соҳибкорию сайёҳӣ баргузор мегардад.

Форуми соҳибкорию сайёҳии дигар 3 апрел дар шаҳри Ҷидда — маркази тиҷоратиии ин мамлакат доир хоҳад шуд.

Дар шаҳри Риёз инчунин мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо муовини вазири савдо ва саноати Саудӣ Моҷид ал-Бовардӣ ва вохӯрии раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо раиси Кумитаи сайёҳӣ ва осори фарҳангии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар назар аст.

Вохӯриҳои соҳибкорони фаъоли ду давлат низ басо умедворкунанда ба назар мерасанд.

Апрель 2, 2018 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид