Ҷавонони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод бо дуои неки модарон ба хизмати Ватан рафтанд
ВАҲДАТ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод бахшида ба рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз аз ноҳияи Файзобод 30 нафар ва аз шаҳри Ваҳдат 70 нафар ҷавононро бо дуои неки модарон барои ҳифзи марзу буми Ватан гусел намуданд.
Тибқи иттилои масъулини шаҳру ноҳия, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд гардидани маърифати фарҳангию ҳуқуқии шаҳрвандон ва боварии неки ҷавонон нисбат ба сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз сафи ҷавонони ба таври ихтиёрӣ ба хизмат раванда меафзояд.
Ҳамчунин дар ин рӯз таҳти унвони «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат ва муҳофизони боэътимоди Ватан» ҳамоиш доир гардид. Дар он ҷавонон парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстонаро бардошта, иброз доштанд, ки ба миллату давлати худ содиқ буда, баҳри ҳифзи ватану номуси худ ҷонфидоӣ менамоянд.
Дар маросим барои болидахотирии даъватшавандагон дастурхони идона ороста, барномаи ҳунарӣ намоиш доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






