Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд

Апрель 27, 2018 15:09

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел 100 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз  Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази мабуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, нахуст ҷавонон бо намоишгоҳи илму ҳунар ва дастовардҳои варзишии омӯзгорону курсантони ин таълимгоҳи тахассусӣ, ки ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни бинои муҳташами Академия барпо гардида буд, шинос шуда, аз синфхонаҳои таълимӣ ва толорҳои машқу варзиши Академия дидан намуданд.

Пас аз намоишгоҳ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» мулоқот намуда, аз  таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуд.

Ҳамчунин Р. Раҳимзода иброз дошт, ки дар асоси Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ давоми соли равон, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, дар вилояту шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни кишвар конференсияву семинарҳо баргузор карда мешаванд. Дар онҳо шумораи зиёди ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагону донишҷӯён иштирок хоҳанд намуд.

Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳори умед намуд, ки иштирокдорони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъол мебошанд, бо бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ миёни ҳамсолони худ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.

 

Апрель 27, 2018 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад