Ба ҷавонони шуҷои ноҳияи Шоҳмансур-ихтиёриёни ҳифзи Ватан туҳфаҳо супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур 50 нафар ҷавонони содиқи Ватан, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 марти соли 2018 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» дар ноҳияҳо Рӯзи даъватшаванда гузаронида мешавад.
Дар ин росто ҷавононро мебояд ба Ватан ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат намуда, онро бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Барои ҳавасманд гардонидани ҷавонон ва хотирмон гардонидани Рӯзи даъватшаванда аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба 50 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмат омада пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ туҳфаҳо супорида шуданд.
Дар ин маъракаи муҳим муовини аввали раиси ноҳияи Шоҳмансур А. Ҷабборӣ, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур М.Бобозода, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, комиссари ноҳияи Шоҳмансур ва дигар масъулин ширкат намуданд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






