БА БЕМОРИИ СИЛ ХОТИМА МЕБАХШЕМ! Имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотию фарҳангӣ баргузор мегардад

Апрель 13, 2018 10:26

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотию фарҳангӣ таҳти унвони «Фаъолони ҷаҳони бидуни силро ҷустуҷӯ менамоем ва дар таърихи ҷаҳони бидуни сил саҳм гузошта ба бемории сил хотима мебахшем» баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ мубориза бар зидди бемории сил ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи  ҳаёти солим амалӣ мегардад, баргузор карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ  духтурон, ҳамшираҳои шафқат, фаъолони маҳаллӣ ва ихтиёриён аз саросари ҷумҳурӣ, ки барои беҳтар намудани сатҳи муолиҷаи бемории сил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз ин беморӣ саҳм гузоштаанд, аз тарафи ташкилкунандагон қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин зимни чорабинии мазкур ғолибони озмуни беҳтарин инъикоси роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил таҳти унвони «Бемории сил табобатшаванда аст!» эълон хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил» 12 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»,  лоиҳаҳои тандурустӣ Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID),   ҳамчунин намояндагон аз раёсатҳои тандурустии вилоятҳо иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиши мазкур зикр карда шуд, ки агарчӣ авҷи бемории сил миёни сокинони Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳое, ки бемории сил миёни аҳолии онҳо дар ҳоли паҳнвашӣ қарор гирифтааст, паст мебошад, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ин бемории сироятӣ ва ҷиҳати ҳифзи сокинон ва гирифторшавӣ ба ин намуди маризӣ як зумра тадбирҳои амалие рӯи даст гирифта,  ҳамасола «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил»- ро дар сатҳи баланд таҷлил менамояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки чанде қабл Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи Дастгирии беморони сил ба тасвиб расид, ки ҷиҳати иҷрои он дар чор ноҳияи пойтахт тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.

 

 

 

Апрель 13, 2018 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд