Ба беш аз 70 донишҷӯ стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим гардид

Апрель 11, 2018 16:21

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода  бо донишҷӯёни шаҳр, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.

Зимни мулоқот Раъно Ҳошимзода иброз дошт, ки дар ҳама давру замон ба раванди дастгирии ҷавонон ва истифодаи  нерӯи ақлониву ҷисмонии онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Агар ба марҳилаҳои таърихӣ назар кунем маълум мешавад, ки дар замонҳои қадим низ бузургони илму адаб ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, шахсиятҳои зираку тавоно ва масъулиятшинос боварӣ доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва зиндагии шоиста ба ҷавонон ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, имрӯз низ амалӣ шуда истодааст.

«Имрӯзҳо зиёда аз сад нафар донишҷӯён аз шаҳри Бӯстон дар зинаҳои рӯзонаву ғоибона, ихтисосҳои дуюми муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмиву оммавӣ, варзишиву фарҳангӣ иштирок ва ному мартабаи шаҳри Бӯстонро баланд  мебардоранд.

Тибқи маълумотҳо, дар шаҳри Бӯстон норасоии кадрҳои баландихтисос ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки  зиёда аз 20 нафар муттахассисони гуногунсатҳ  дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин омӯзгорони фанҳои дақиқ  дар шаҳри Бӯстон намерасад. Мо имрӯз итминони комил дорем, ки  пас аз хатми донишгоҳу донишкада ҷавонон бо сари баланд ба шаҳри Бӯстон баргашта, норасоии кадрҳоро пурра намуда, ба Ватану халқи худ хизмат менамоянд», -гуфт Раъно Ҳошимзода.

Намояндаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов низ зимни баромад аз дастгириҳои давлату Ҳукумат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки имрӯз тамоми шароит баҳри илмомӯзии ҷавонон фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дарак медиҳад.

Мақсади баргузории мулоқот бори дигар аз наздик ошноӣ пайдо кардан  аз раванди таълиму тарбия ва вазъи зисту зиндагии донишҷуён арзёбӣ гардида, ба зиёда аз 70 нафар донишҷӯён стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

 

 

Апрель 11, 2018 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад