БА ДИҚҚАТИ ОЛИМОНИ ҶАВОН! Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шудааст. Шумораи ҷоизаи мазкур 12 (дувоздаҳ) адад буда, маблағи ҳар кадоми он баробар ба 1000 (ҳазор) доллари ИМА мебошад.
Дар озмун довталабони то 35-сола, ки дифои рисолаи илмиашон то 4 июни соли 2017 ҳимоя шуда, корҳои илмиашон дар муҳлати на кам аз як сол мавриди амал қарор гирифтааст, метавонанд иштирок намоянд.
Ба иттилои манбаъ дар озмун барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 4 июни соли 2018 муайян шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 236-01-17, 235-19-53, 236-37-26 ва 236-42-66 дар тамос шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






