Ба имзо расидани созишнома оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик дар Академияи дипломатии ВКХ Озарбойҷон

Апрель 28, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Дар бинои Академияи дипломатии (ADA)  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими баимзорасонии «Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон» баргузор шуд.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ имзо кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бар асоси Созишномаи мазкур, ҷониби Озарбойҷон ҳар сол барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 бурсия барои омӯзиш дар Академияи дипломатии Озарбойҷон (ADA), инчунин 6 бурсия барои такмили ихтисоси дипломатҳои тоҷик ҷудо менамояд.

Дар фарҷоми маросими баимзорасонӣ ҳамзамон мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷӣ — Ректори Академияи дипломатӣ Ҳафиз Пашаев доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон дар фароянди маросим дар Академияи мазкур гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ҷой дода шудаанд.

Апрель 28, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд