«БАҲОРИ БОЙСУН». Намояндагони вилояти Хатлон дар чорабиниҳои фарҳангии вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вилояти Хатлон иборат аз намояндагони соҳаҳои гуногун дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат меварзанд.
Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намояндагони вилояти Хатлон дар чорабиниҳои фарҳангии вилояти Сурхандарё таҳти унвони «Баҳори Бойсун», ки 28-29 апрели соли равон баргузор мешаванд, ширкат меварзанд. Чорабинии мазкур ҳамасола таҳти ин унвон доир гардида, дар он ҳунармандон бо барномаҳои фолклорӣ баромад менамоянд.
Бояд гуфт, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон низ бо ин ҳайат ба ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамояд. Доир ба рафти баргузории чорабинии мазкур маълумоти иловагӣ пешкашӣ хонандагони сомона мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






