БА ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНПИСАРОН ВА ДУХТАРОН: мехоҳед ба ҳайси роҳбалад дар «Сомон Эйр» фаъолият намоед? Пас шитобед!

Апрель 23, 2018 11:36

ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои  қабули роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонписарону духтарон  озмун эълон  намуд.

Синну соли номзадҳое, ки мехоҳанд ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкат  фаъолият намоянд,  барои занон то 26 ва барои мардон то 28 муқаррар гардидааст. Қобилияти шиноварӣ, омодагии хуби ҷисмонӣ ва дорои қомати 1.65 метр аз  шартҳои озмун ҷиҳати ноил гардидан ба вазифаи роҳбалад   мебошанд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамзамон номзаде, ки мехоҳад дар оянда ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият намояд, бояд дорои шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қобилияти муоширати хуб бо мусофирон бошад, инчунин забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро хуб донад.

Номзадҳо имкон доранд, ки ҳуҷҷатҳои худро — тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, 2 сурати ранга (портретӣ ва ба дарозии қад), нусхаи диплом ва нусхаи сертификат дар бораи донистани забони англисӣ, агар бошад) то 30 апрели соли 2018 ба почтаи электронии hr@somonair.com ирсол намоянд ё ба суроғаи саридораи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар  кӯчаи М.Мастонгулов – 40 воқеъ аст, супоранд. Телфонҳо барои тамос: +44 640 40 46.

Апрель 23, 2018 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд