Бар асари заминларза дар ноҳияи Балҷувон манзилҳои истиқоматӣ зарар дидаанд

Апрель 4, 2018 12:21

ДУШАНБЕ, 4.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 30 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон заминларза ба амал омад, ки бар асари он 62 хонаи истиқоматӣ осеб диданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар 7 хона аз 62 манзили осебдида зистан ғайриимкон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки қувваи заминҷунбӣ дар марказаш ба 4,0 балл  баробар буда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат баён дошт, айни ҳол гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳён дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон қарор доранд.

Ба иттилои гурӯҳи корӣ, сабаби хароб гардидани манзилҳои зиёд дар ин ҷамоат он будааст, ки  баъзе хонаҳо дар ин минтақаи доманакӯҳ аз лою похса сохта шуда, ба офатҳои табиӣ тобовар нестанд ва дар натиҷаи заминларза осеб дидаанд.

Апрель 4, 2018 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад