БАР ВАТАН СОДИҚЕМ! Дар Муъминобод сафи ҷавонони ба хизмати Ватан омода меафзояд
МУЪМИНОБОД, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳияи Муъминобод бо ҷараён идома дорад. То ин давра 35%-и даъватшудагон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардида, баъди муоинаи тиббӣ бо рӯҳияи ватандӯстӣ ба қисмҳои низомӣ гусел карда шуданд.
Тавре комиссари ҳарбии ноҳия Самандар Шарипов иброз дошт, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба даъвати тирамоҳӣ фарқият дорад. То ин муддат сафи ҷавонони ихтиёран ба хизмати Ватан раванда афзоиш ёфтааст, чунки шароити қисмҳои низомӣ низ сол аз сол беҳтар мегардад.
Дар маъракаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми ҷамоатҳои шаҳраки Муъминобод, Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ва Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин хеле назарас буда, онҳо нақшаҳои худро ба итмом расониданд. Айни ҳол кормандони комиссариати ҳарбӣ баҳри мулоқот бо ҷавонон ба ҷамоатҳои деҳот сафарбар гардидаанд. Масъулин зимни мулоқот ҷавононро ба ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят намуда, онҳоро ба хизмати Ватан даъват менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз оғози моҳи апрел бо Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон шурӯъ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






