Барои амалисозии 5 лоиҳаи афзалиятнок бо шарикони рушд 8 созишномаи нав ба имзо расонида шуд

Апрель 11, 2018 12:25

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар самти ҳамоҳангсозии кумаки беруна ҷиҳати амалисозии 5 лоиҳаи афзалиятнок бо шарикони рушд 8 созишномаи нав ба маблағи умумии 89,5 млн. доллари америкоӣ ба имзо расонида шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳандаҳо мувофиқан, 3 лоиҳа ва 37,0 млн. доллари америкоӣ зиёд мебошанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 апрел доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ба ҳолати 1 апрели соли 2018 маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда 68 лоиҳа (23 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 31 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) ба маблағи умумии 28,1 млрд. сомонӣ ё 3,19 млрд. долларро ташкил доданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 339 млн. доллар ва ё 13 фоиз зиёд мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда (аз аввали татбиқ то ба 1 апрели соли 2018) 13 млрд. сомонӣ ё 1,48 млрд. доллар азхуд карда шудааст, ки ин 46,3 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Апрель 11, 2018 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем