Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия» дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ

Апрель 28, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия»  бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Медиатсия – яке аз технологияҳои алтернативии танзими баҳс миёни ду тараф  бо иштироки  тарафи сеюм, ки бетараф аст ва аз дилхоҳ натиҷаи  баҳс манфиат намебинад», — чунин шарҳ дода шудааст мафҳуми «медиатсия» дар луғатҳои байналмилалӣ.  Зикр шуд, ки қабули  лоиҳаи қонун дар бораи медиатсия ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ ҷалб шудаанд, имконияти тарзи ҳалли баҳсҳоро бо усули алтернативӣ пешбинӣ намуда, ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, фаъолияти институти бонуфуз дар  ҷумҳурӣ — Маркази медиатсия ва ҳуқуқ, ки дар назди Палатаи савдо ва саноат соли 2017 таъсис дода шудааст,  дар оянда дар мамлакат мушкилоти ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба воситаи нарасидан ба баҳсҳои судӣ осон гардонида, онҳоро аз хароҷоти зиёдатии молиявӣ ва фазои ҳуқуқӣ озод мекунад. Айни замон аз ҷониби чандин корпоратсияҳои бонуфузи ҷоҳонӣ усули медиатсия мавриди истифода қарор гирифтааст ва тибқи таҳлилҳо, танҳо дар Амрико 97 фоизи баҳсҳо бо ин усул роҳи ҳалли худро меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия»  моҳи июни соли 2017  аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, вазоратҳои молия ва адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти мамлакат, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва Арбитражи байналмиллалии назди Палатаи савдо ва саноат шомиланд.

Апрель 28, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд