БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ идома дод

Апрель 10, 2018 10:58

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ (феврали с.2018) идома дода, бо нишондиҳандаи манфии -1 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам мебошад.

Бино ба  иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи -2 фоиз таъсир расонид. Инчунин, дар ин моҳ нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 1 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 4 фоиз афзуданд.

Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар моҳи ҳисоботӣ поёнравии нархи бархе аз маҳсулотҳои серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, тухм, шакар, равғани пахта, шир, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва ғайра мушоҳида гардид. Инчунин, нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳишёбӣ дошт, ки ин, пеш аз ҳама, бо воридшавии зиёди ин маҳсулот арзёбӣ гардида, ба муътадил шудани нархи он оварда расонид.

Аз аввали сол сатҳи таваррум -0,8 фоизро ташкил дод. Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир), дар моҳи марти соли равон ба 2,5 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 2,7 банди фоизӣ кам мебошад.

«Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум дар соли 2018 раванди муътадилро идома дода, дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% ± 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад»,-зикр кард манбаъ.

 

 

Апрель 10, 2018 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад