Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрели соли равон ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ таҳти роҳбарии муовини Директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА Ҷиҳад Алвазир дар Дафтари асосии Хазинаи мазкур воқеъ дар шаҳри Вашингтони ИМА мулоқоти корӣ доир намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд, дар мулоқот ҳайати Бонки миллии Тоҷикистонро Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва ҳайати ХБА-ро роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Падамжа Ханделвал ва як зумра намояндагони сохторҳои ХБА ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев ба ҷониби ХБА дар бораи масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда маълумот дод.
Аз ҷумла, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар натиҷаи андешидани як зумра тадбирҳо бо истифода аз фишангҳои муосири иқтисодӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуд.
Ҳамчунин Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро ба татбиқи барномаҳои якҷояи Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кумакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла, бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намуд.
Муовини Директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА Ҷиҳад Алвазир дар навбати худ зикр намуд, ки ХБА омода аст дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кумаки техникӣ пешниҳод намояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






