«ЛОКОМОТИВЧИЁН» — БА ПЕШ! Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд барпо мегардад

Апрель 3, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад, роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касаба миёни роҳиоҳанчиён мусобиқа оид ба футболи хурд доир намояд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов хабар дод, соли сеюм аст, ки чунин мусобиқа бо ташаббуси Иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон, Шӯрои ҷавонони роҳи оҳан ва дастгирии роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор мегардад ва ба он ҷавонони то 35-сола ҷалб мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа аз 10 апрел то 11 май ҳафтае се маротиба- сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе, соатҳои 17:30 то 19:20 дар майдончаи варзишии роҳи оҳан идома меёбад. Тӯли як моҳ 11 гурӯҳ аз ҳисоби ҷавонони корхонаҳои тобеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар он байни ҳам рақобат мекунанд. Барои соҳиб гардидан ба ҷоми мусобиқа беҳтарин дастаҳо аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон  байни ҳам сабқат мекунанд.

Бино ба маълумоти Зикрулло Ҳамидов, дастаҳои ғолибро Ҷоми иттифоқи касаба бахшида ба Рӯзи ҷавонон, медалҳо, дипломҳо ва маблағҳои пулӣ интизоранд.

 

 

Апрель 3, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд