БОЗ ЯК НАВГОНӢ ДАР СОҲАИ ТУРИЗМИ ТОҶИКИСТОН: ба сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, симкортҳои махсус пешниҳод карда мешаванд

Апрель 26, 2018 17:46

ДУШАНБЕ, 26.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ширкати мобилии «Tcell» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, симкортҳои махсус пешниҳод мегарданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни муаррифии симкорти мазкур зикр гардид, ки ҳангоми фаъол намудани симкорт  бо таври автоматӣ 50 дақиқа суҳбати ройгон, 100 мб Интернет ва 150 смс ё худ паёмакро дар худ дорад, ки сайёҳон метавонанд аз ин хизматрасонӣ ба таври  ройгон ҳамчун туҳфа истифода намоянд. Ҳамзамон, ҳангоми фаъол гардонидани симкорт маълумот бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи меҳмонхонаҳо, маконҳои тамошобоб, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва хизматрасонии таксӣ фиристода мешавад.

Дар фурудгоҳ сайёҳон бо тарзи хоса пешвоз гирифта шуда, аз меҳмоннавозии тоҷикона аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд. Инчунин, дар фурудгоҳ меҳмонону сайёҳон метавонанд, тавассути хизматрасонии ширкати мобилии «Tcell» аз интернети босуръати бесими Wi-Fi ройгон истифода намоянд.

Бояд зикр намуд, ки симкортҳо барои сайёҳон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии нақлиётӣ пешниҳод шуда, нархҳои дастрас ва алоқаи босифати коммуникатсионии байналмилалӣ таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин аз ҷониби ширкати мобилии «Tcell» тарофаҳои зиёд пешниҳод гардида, хизматрасонии интернетии босуръати 2G,  3G ва  4G  пешниҳод карда мешавад.

Инчунин барои симкортҳои мазкур «Call center»-и махсус барои мизоҷони корпоративӣ таъмин карда шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сайёҳӣ ва дастрасӣ ба мавзеъҳои сайёҳиро осон ва васеъ намуда, сатҳи хизматрасониро бамаротиб боло мебарад.

Апрель 26, 2018 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ