Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Ширкати энергетикии Токио «TEPCO»
ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ аз идораи марказии Ширкати энергетикии Токио «TEPCO» боздид намуда, бо сардорони бахшҳои соҳавӣ мулоқот кард ва бо фаъолияти ширкати мазкур шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот намояндагони ширкати «TEPCO» дар бораи ташаккул ва фаъолияти имрӯзаи ширкат баромад намуда, таърих ва раванди рушди ширкатро батафсил муаррифӣ намуданд. Сафир аз раванди истеҳсол ва таъмини қувваи барқ ба истеъмолкунандагони минтақаи Канто, ки дар он пойтахт ва калонтарин шаҳри Япония – шаҳри Токио ҷойгир мебошад, шинос шуд.
Дар доираи боздид Сафир ҳамчунин ба зеристгоҳи зеризаминии «Higashi-Uchisaiwaicho» ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Сафири Тоҷикистонро зимни боздид роҳбарони лоиҳавии ширкати японии «Asia Engineering Consultant Co., Ltd», ки дар доираи татбиқи тарҳи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» бо маблағгузории Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) ба сифати ширкати машваратчӣ ҳамкорӣ менамояд, ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати японии «Nishizawa» қарордор ба маблағи 1.976 млрд. йен ба имзо расид. Бар асоси ин қарордод, ширкати «Nishizawa» дар давоми ду сол сохтмони зеристгоҳи нави «Радиостанция» ва корҳои навсозӣ ва афзоиши иқтидори зеристгоҳи «Промышленная»-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд, ба анҷом мерасонад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






