Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин росто, 17 апрел аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи КМИР, ки таҳти раёсати раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, қарори марбута қабул намуданд.
Зикр шуд, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 апрели соли равон ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 Рӯзадор Муҳаббатшо бо сабаби вафоташ пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамзамон дар ҷаласаи КМИР оид ба ташкили комиссияи ҳавзавии интихоботӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 қарор қабул гардида, ҳайати он муайян карда шуд.
Инчунин аъзои КМИР тақвими чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40-ро тасдиқ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






