Дар Бохтар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори вилояти Хатлон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои мазкур, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши гғайриқонунии он кори дастаҷамъӣ буда, дар самти тарғибу ташвиқи пешгирии нашъамандӣ корро ҷоннок бояд намуд.
«Дар ин самт ҳамкориҳо амалӣ бошанд ва маводҳо оиди пешгирӣ, буклету рекламаҳо бо ҷалб ва иштироки фаъоли мутахасисони соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда шаванд. Инчунин барои омода намудани муттахасион — наркологҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд», — зикр намуд М. Хидирзода
Дар ҷаласа ҳамчунин котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят дар бораи натиҷаи санҷиши фаъолияти Шӯроҳои шаҳри Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ ҳисобот дод.
Ҳамзамон дар ҷаласа ахбороти сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ вобаста ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, инчунин ахбороти Маркази наркологии вилояти Хатлон дар самти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ шунида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






