Дар Бонки миллӣ масъалаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ гардид

Апрель 12, 2018 16:05

ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев дар вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ясмин Гуэдар густариш ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Франсияро дар самтҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ   баррасӣ намуданд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, зимни мулоқот  муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев дар хусуси тавсеа бахшидани ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Франсия, табодули таҷрибаи мутахассисони ду кишвар дар низоми бонкӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.

Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ясмин Гуэдар дар навбати худ аз таҷрибаи ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Франсия, ки қаблан дар доираи Шартномаи ҳамкорӣ (1999-2007) хеле хуб ба роҳ монда шуда буд, хотиррасон шуд.

Ясмин Гуэдар барои барқарор кардани ҳамкорӣ дар бахши бонкӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Франсия  барои ҷавонон барномаҳои махсус дорад. Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд дар он ширкат варзида, бо истифода аз таҷрибаи бардошта дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоранд.

Дар вохӯрӣ   Ҷамолиддин Нуралиев аз вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи  Ясмин Гуэдар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳоду таклифҳои ӯро ҷиҳати такмили мутахассисони ҷавон дар Франсия ва қабули мутахассисони низоми бонкии Франсия дар Бонки миллии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфт.

 

Апрель 12, 2018 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад