Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ баррасӣ гардид

Апрель 13, 2018 08:54

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои такмили низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ  Фабритсио Фрабонӣ баррасӣ гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт, ки бо назардошти мавҷуд будани сатҳи хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

«Танзими бозори иттилоотии қарз ба паст шудани вобастагӣ ба гаравҳо, роҳ надодани қарздиҳии хавфнокиашон аз ҳад зиёд, пешгирӣ шудани қарзҳои такрорӣ, мониторинги бозори қарзӣ, беҳтар шудани танзиму назорати бонкӣ ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, барои таҳким бахшидани назорат ва пешгирӣ намудани қарзҳои хавфашон баланд, ки ба рушди низом таъсири манфӣ мерасонанд, модули муайян оид ба таърих ва коркарди маълумоти қарзӣ зарур мебошад», — таъкид намуд С. Икромӣ.

Мутахассиси пешбари бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ  Фабритсио Фрабонӣ дар навбати худ зикр намуд, ки инфрасохтори мубодилаи иттилооти қарз дар идоракунии хавфи қарзӣ ва таъмини устувории молиявӣ нақши муҳим дорад.

Вобаста ба ин, Ф. Фрабонӣ оид ба шаклу усулҳои ташкили низоми табодули маълумоти қарзӣ барои танзимгар ва мақсадҳои сиёсати монетарӣ дар кишварҳои дигар изҳори андеша намуда, барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои худро баён дошт.

Ҳамчунин ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи омӯзиши инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати такмил ва рушди фаъолияти низоми табодули маълумоти қарзӣ баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фабритсио Фрабонӣ мутахассиси бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мақсади доир намудани машваратҳо оид ба беҳтар кардани инфрасохтори молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

 

Апрель 13, 2018 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд