Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин «Маркази Тоҷикистон» таъсис дода мешавад

Апрель 14, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 14.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Аз  1-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда, ҳамзамон «Маркази Тоҷикистон»  таъсис дода мешавад.  Дар ин бора  11 апрели соли 2018 зимни мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарияти ин донишкада мувофиқа ҳосил гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба аҳамияти  таъсиси «Маркази Тоҷикистон» дар Донишгоҳи мазкур, ки дар ҳошияи он омӯзиш ва тарғиби забони тоҷикӣ,  муаррифии фарҳангу таърихи миллати тоҷик, расму русум ва анъанаҳои суннатии мо, ҳамчунин муқаддасоти миллӣ, дастовардҳову ташаббусҳои ҷаҳонии        Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳанд  шуд, таъкид намуданд.

Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки Сафорати Тоҷикистон дар амри пешбурди фаъолияти густурдаи Марказ баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши забону фарҳанги тоҷикон дар ин донишгоҳи бонуфузи  чинӣ ҳамаҷониба  мусоидат ҳохад кард.

 

Апрель 14, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад