Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии 24-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии 24-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Кумитаи машваратӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, инчунин намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа дар доираи рӯзномаи тасдиқнамудаашон як зумра масъалаҳои мубрами фаъолияти Иттиҳодро, ки ба ваколати Кумита дохил мешаванд, баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Аз натиҷаи чорабинӣ протокол, ки ҳавасмандии минбаъдаи Тарафҳоро ҷиҳати рушди ҳамкории хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба масъалаҳои матраҳшуда, инъикос менамояд, имзо гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






